Х.Мендес: «Тоҷикистон тавсияҳои маро қабул кард»

Май 18, 2012 17:08

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендес мулоқот намуд. Пас аз мулоқот Хуан Мендес андешаҳояшро аз ин мулоқот ба хабарнигорон чунин баён дошт: «Мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбати хеле хуб доштем. Ман имрӯз сафари даҳрӯзаи расмии худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси даъватномаи ин кишвар амалӣ гардид, ба охир мерасонам ва дар рӯзи охири он як мулоқоти ҷамъбастӣ бо Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон анҷом додам». Вай афзуд: ман имрӯз дар давоми мулоқоти худ бо Ҷаноби Олӣ, албатта, фикру ақидаҳои пешакии худро доир ба натиҷаҳои сафари мазкур баён доштам ва албатта, мехостам қайд намоям, ки ин гуфтаҳо ҳама пешакӣ ҳастанд. Мо дар давоми чанд ҳафтаи оянда ҳисоботи пурраи сафари худ ба кишвари шуморо таҳия намуда, онро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоем. Пас аз он, ки фикру ақидаҳои Ҳукумати Тоҷикистонро нисбат ба ҳисоботи худ гирифтем, онро барои баррасӣ ба Шӯрои СММ доир ба ҳуқуқи инсон пешниҳод менамоем. Ҳисоботи мазкур дар ҷаласаи ояндаи Ассамблеяи Генералии СММ, ки моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, баррасӣ хоҳад шуд. Хуан Мендес зикр намуд: ман аз сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят хурсандам, зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод ва ман дастрасии пурра ба тамоми муассисаҳо ва ба тамоми шахсоне, ки бо онҳо мехостам вохӯрам, сӯҳбат намоям, доштам. Ва ин имконият дод, ки сафари худро дар кишвари шумо бо муваффақият ба анҷом расонам. Намояндаи вижаи СММ Хуан Мендес ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дод. Вай аз ҷумла гуфт: то он дараҷае, ки ман медонаму тасаввурот дорам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои ман, масъалаҳоеро, ки ман бардоштам, бо як хоҳиши ҳамкорӣ қабул кард ва фикр мекунам тавсияҳои мо низ бо таваҷҷӯҳ ба ҳамкорӣ ва созандагӣ пешниҳод мешаванд. Умедворем, ки ҳамкории худро дар чунин раванд минбаъд идома диҳем.«Ман имрӯз дар ҷараёни мулоқоти худ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба тамоми намояндагони мақомоти гуногуни ин кишвар дар бораи фикру ақидаи пешакии худ гуфтам ва дар бораи онҳо мухтасаран ба Президенти Тоҷикистон ҳам имрӯз нақл кардам. Чизи умумие, ки ҳоло метавонам гӯям, ин аст, ки тавсияҳои мо ба пешгирии шиканҷа дар кишвари шумо нигаронида шудааст», — изҳор дошт дар хотима Хуан Мендес.

Май 18, 2012 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад