Ифтитоҳи беморхонаи «Нури Вахш»

Май 16, 2012 14:34

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 15 майи соли равон котиби саввуми Сафорати Ҷопон Такааки Коматсу ва раиси ноҳияи Ҷиликӯл Маҳмадраҳим Исмоилов дар маросими ифтитоҳи беморхонаи минтақави № 2 ҷамоати “Нури Вахш”-и ноҳияи Ҷиликул ширкат варзиданд. Лоиҳаи барқарорсозии беморхонаи минтақавии №2 ҷамоати «Нури Вахш»-и ноҳияи Ҷиликӯл ба маблағи умумии 105,992 доллари ИМА аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ дастгирӣ ёфт.Аз соли 1991 дар бемористон корҳои барқарорсозӣ анҷом дода нашудаанд ва муҳити зист дар ҳолати ғайрисанитарӣ буд. Зиёда аз ин норасоии таҷҳизоти тиббӣ боиси паст шудани сифат ва норасоии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ҷамоати “Нури Вахш”-и ноҳияи Ҷиликӯл оварда расонд.Барои беҳбудии муҳит ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳа сохтмони бинои нав ва барқарорсозии бинои мавҷуда иҷро шуд. Илова бар ин, таҷҳизоти нави тиббӣ, мисли дастгоҳи ултра садо, мизи ҷарроҳӣ ва электрокардиограф насб шуд.Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ дар назар аст, ки беморхонаҳо барои беҳтар намудани шароити тиббии мардуми маҳаллии ноҳияҳои Панҷ ва Ҷиликӯли вилояти Хатлон мусоидат намоянд.Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмилалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ кӯмак мерасонанд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ зиёда аз 282 лоиҳаро ба маблағи умумии $21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст.

Май 16, 2012 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад