Ислоҳоти системаҳои таъминоти об

Май 23, 2012 15:04

Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 22 май дар ноҳияи Рӯдакӣ тренинги якум оид ба ислоҳоти системаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва расмиятҳои нави вобаста ба додани иҷозати бунёди системаҳои таъмини оби нӯшокӣ мутобиқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 6 майи соли 2009 корашро анҷом дод. Дар ин бора аз намояндагии Оксфам дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Дар кори тренинг намояндагони ҳамаи вазорату идораҳои манфиатдори кишвар, ҳукуматҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Мӯъминобод, ҳамчунин ҳамкорони хориҷӣ, ки лоиҳаҳои оид ба эҳёӣ системаҳои таъминоти об дар Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд, иштирок доштанд. Тренинг дар доираи татбиқи механизми «Равзанаи ягона» барои гирифтани иҷозати сохтмони системаҳои таъмини оби нӯшокӣ баргузор гардид. Ду тренинги дигар оид ба коммуникатсияи дохилию хориҷӣ, тарҳрезӣ ва истифодаи вақт, беҳдошти ҳамоҳангсозии фаъолият дар доираи механизми «Равзанаи ягона» рӯзҳои наздиктарин доир мегарданд.

Май 23, 2012 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад