Истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ зиёд ва маъданӣ кам шуд
Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ 7,3 фоиз зиёд шудааст, ки он асосан аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли панир ба андозаи 2,4 баробар, ҳасиб 1,6 баробар, маҳсулоти қаннодӣ 27,4 фоиз ва равғани растанӣ 2,6 баробар таъмин гардидааст.Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 2 баробар, афзоиши нахи пахта 2,3 баробар, газвори пахтагин 33,7 фоиз, матоъ 1,8 баробар ва калоба 1,6 баробар зиёд гардидааст. Ҳамчунин аз ҳисоби пӯсти ватанӣ истеҳсоли чарм ва маснуоти чармӣ 1,6 баробар зиёд шуд.Мутаассифона дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти маъдании ғайрифилизӣ ба андозаи 31,9 фоиз кам шудааст, ки он аз коҳиши истеҳсоли семент ба андозаи 36,9 фоиз, хишти сементӣ -23,7, оҳану бетони васлшаванда -21,4 ва тахтасангҳои мармарин ба миқдори 30,7 фоиз ба амал омадааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






