Истеҳсоли маводи ғизоӣ афзуд
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Корхонаю муассисаҳои соҳаи саноати хӯроквории Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри рушди соҳа ва таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ равона намуда, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 688,30 ҳазор қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот, 233,1 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 839,7 тонна равғани растанӣ, 12,9 ҳазор декалитр спирти этилӣ, 11131,1 декалитр арақ, 7093 декалитр оби ҷав, 515,5 ҳазор декалитр нӯшокии беспирт, 105,22 ҳазор декалитр оби маъданӣ, 4353,0 тонна намаки ошӣ, 76,3 тонна маҳсулоти ҳасибӣ, 1033,2 тонна маҳсулоти шири холис, 3,3 ҳазор қуттии шартӣ консерваи гӯштӣ, 8686,8 тонна орд, 280,5 тонна макарон ба маблағи 53,44 млн.сомонӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 125,6%-ро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар корхонаҳои коркарди ғалла ва нонбарории ҷумҳурӣ дар ҶММ «Ҷаскомб инвест», ҶММ «Сомон-Тӯрон Инвест», ҶММ «Маколлӣ», ҶММ «Инертсия», ҶММ «Маквиоллӣ», ҶММ «Ғаллаи Суғд», ҶММ «Зерновая Компания» бо технологияи нави компютерӣ таҷҳизонида шуда, дар корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, гӯшту шир, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, машрубот ва нӯшокиҳои ғайриспиртии КМ «Оби Зулол», ҶММ «Маркази технологӣ», ҶС «Элита», ҶСШК «Комбинати хӯроквории Қӯрғонтеппа», ҶС «Шарбати Қистақӯз», ҶСП «Табаррук», ҶММ «Шоҳона», ҶСП «Комбинати гӯшту консерва», ҶС «Комбинати шири Душанбе» хатҳои технологии муосир насб гардиданд. Фаъолияти зиёда аз 27 корхонаи саноати хӯрокворӣ бо сӯзишвории алтернативӣ ба роҳ монда шуд, ки ин барои фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






