Истифодаи рамзҳои осорхонаҳо манъ аст

Май 16, 2012 16:08

Душанбе, 16 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо»- 16 май дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардид. Меҳроҷиддин Ҳакимов, вакили Маҷлиси намояндагон ва яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки он аз 7 боб ва 32 модда иборат буда, масъалаҳои мухталифи танзими ҳуқуқии фаъолияти осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳоро дар бар мегирад. Ҳамзамон он таъсис ва фаъолияти осорхонаҳо, дастгирии осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҳамкории байналмилалии осорхонаҳо ва соири масъалаҳои марбут ба рушди осорхонаҳоро дар ҷумҳурӣ ба танзим медарорад. Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ дар назди вакилон гуфт, ки матни лоиҳаи мукаммали қонун дар заминаи таҳлили амиқи вазъи феълии фаъолият ва рушди осорхонаҳои кишвар, дастовардҳои илмии осорхонашиносии муосир, умдатарин рўйдодҳо ва мушкилоти ҷаҳонии асри 21, масъалаҳои ҳифзу гиромидошти мероси гаронмояи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик таҳия шудааст. Мавриди зикр аст, ки ба лоиҳаи қонун мафҳумҳои асосии соҳаи осорхонашиносӣ ворид шудаанд, ки дарки моҳияту мундариҷаи онҳо аз нигоҳи илмиву ҳуқуқӣ барои танзими фаъолияти осорхонаҳои мамлакат, ҳамоҳангсозии меъёрҳои ҳуқуқии соҳавӣ бо дигар қонунҳои амалкунандаи кишвар, ҳифзи арзишҳои моддӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони муассисаҳои фарҳангии мамлакат, хусусан осорхонаҳо нақши муҳим мебозад. Тибқи лоиҳаи ин қонун минбаъд бе розигии осорхона ва иҷозати мақомоти ваколатдори соҳаи фарҳанг истифодаи худсаронаи рамзҳои осорхона, нигораҳо ва коллексияҳои осорхонавии Фонди осорхонаҳои кишвар манъ аст. Ин далели ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои осорхонаҳои ҷумҳурӣ мебошад. Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ афзуд, ки имрӯз дар кишвар 51 осорхонаи давлатӣ фаъолият дорад. Вазир ба саволи раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, ки «дар ҷумҳурӣ чанд осорхонаи ғайридавлатӣ вуҷуд дорад?» посух дода натавонист ва гуфт, ки алҳол вазорат феҳристи осорхонаҳои ғайридавлатиро тартиб дода истодааст.

Май 16, 2012 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад