Кишти зироатҳои полезӣ, картошка ва сабзавот

Май 23, 2012 15:36

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Тибқи маълумоти раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ дурнамои кишти картошка дар ҷумҳурӣ 22316 гектар буда, то санаи 27.05.12 майдони 15040 гектар кишт шудааст, ки баробари 67 фоизи дурнамо мебошад. Ҳамзамон дар майдони 1091 гектар кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шуд. Дар хоҷагиҳои фермерӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ кишти картошка идома дорад.Дурнамои кишти сабзавот дар ҷумҳурӣ майдони 23440 гектарро ташкил медиҳад ва то санаи 27.05.12 дар майдони 20456 гектар сабзавот кишт шудааст. Кишти сабзавот нисбат ба соли гузашта 1642 гектар зиёд мебошад. Аз ҳисоби умумии кишти сабзавот 460 гектар карам, 2372 гектар сабзӣ, 10594 гектар пиёз ва 7030 гектарро дигар намуди сабзавот ташкил медиҳад. Дурнамои кишти полезиҳо дар ҷумҳурӣ 11402 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз майдони 11071 гектар кишт шудааст, ки баробари 97 фоиз буда, нисбат ба соли гузашта кишти полезиҳо 1689 гектар зиёд аст.

Май 23, 2012 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст