Кормандони сохторҳои қудратӣ қоидаҳои роҳро вайрон мекунанд?

Май 17, 2012 12:12

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади таъмини волоияти қонун, ба танзим даровардани баъзе омилҳои чашмраси вайронкунии қодаҳои роҳ бо супориши вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов кормандони Раёсати амнияти дохилӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ва маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе воситаҳои нақлиётро мавриди санҷиш қарор доданд. Тавре ки дар сомонаи интернетии mvd.tj иттилоъ дода шудааст, ҳастанд нафароне, ки дар сохторҳои қудратии мамлакат ифои вазифа карда, аз вазифаҳои худ сӯйистифода мекунанд. Аз ҷумла, амалҳои ғайриқонунии чунин кормандон ҳангоми идораи нақлиёт баръало ба назар мерасад. Рафти рейди мазкур 25 ҳолати вайронкунии қоидаро аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ ошкор кард. Иштирокчиёни вайронкунии қоидаҳои роҳ 1-нафар корманди ВКД, 2-нафар корманди мақомоти Прокуратура, 1-нафар корманди Агентии назорати давлатии молия ва коррупсия, 1-нафар корманди Хадамоти гумрук мебошанд, ки аз ҷониби онҳо вайронкунии қоидаҳои роҳ баръало ба чашм мерасиду онҳо ба ҷои ислоҳ кардани камбудиҳои худ, баръакс бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ баҳсу муноқиша мекарданд. Воситаҳои нақлиёти чунин вайронкунандаҳои қоидаи роҳ ба ҷаримагоҳ бурда ва нисбат ба онҳо тадбирҳои қонунӣ андешида мешавад.

Май 17, 2012 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд