Кўмакпулӣ ба иштирокчиёни ҶБВ
Душанбе, 2 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 9 май аз ғалабаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ /ҶБВ/ 67 сол сипарӣ мегардад. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ дар пойтахт қарор ба тасвиб расонд. Тибқи он нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 67-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар асоси қарори марбута аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе 524 ҳазор сомонӣ барои расонидани кӯмаки якдафъаина ба иштирокчиёни ҶБВ ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, ба иштирокчиёни ҶБВ –ии солҳои 1941-1945-ум 600 сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград , шахсоне, ки бо ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфаро гардидаанд, афроде, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон) ба маъюбони садамаи Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва ба ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокшуда, ки дар пойтахт истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме 400 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад. Муовинони раиси шаҳр маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ҳангоми аёдати онҳо дар манзили истиқоматиашон то 5 май месупоранд. Инчунин дар корхонаю идораҳои пойтахт вохӯрию мулоқот бо иштирокчиёни ҶБВ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






