М.Амирбеков-ҷоизадори Ассамблеяи ҷаҳонӣ
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Ҳамасола аз 20 то 25-уми май дар пойтахти Фаронса- шаҳри Париж ҷаласаи умумии солонаи Ассамблеяи ҷаҳонии вакилони Бюрои байналмилалии эпизоотикӣ (ББЭ) баргузор мегардад. Соли ҷорӣ дар баргузории 80-умин ҷаласаи солонаи Ассамблеяи ҷаҳонии вакилони ББЭ директори Хадамоти назорати давлатии байторӣ (ХНДБ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллоҷон Амирбеков ширкат намуда, бо медали Хизмати шоистаи ББЭ дар соҳаи байтории ҷаҳонӣ қадр карда шуд. Баъди бозгашт аз кори ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ мухбири АМИТ «Ховар» бо директори ХНДБ-и ҶТ доктори илми байторӣ Муллоҷон Амирбеков мусоҳибаеро анҷом дод. Инак, ин пурсишу посухро пешкаши Шумо, хонандагони азиз, мегардонем. — Мӯҳтарам Муллоҷон Амирбеков, шояд дар навбати аввал аз фаъолияти Хадамоти назорати давлатии байторӣ (ХНДБ) ва роҳ ёфтан ба ин ташкилоти байналмилалӣ барои хонандагон чизеро равшан кардан мехоҳад? — Дуруст аст, аввалан барои хонандагони закӣ пӯшида нест, ки баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ҳама барҳаму дарҳам шуд. Қариб, ки ҳама соҳаҳо аз байн рафтанд. Барҳам додан кори осон аст, аммо барқарор кардан кори саҳл нест. Бубинед, бист сол боз барқарор мекунем, вале дар баъзе соҳаҳо ҳанӯз муваффақ нестем. Барои азнав барқарор намудани сохтори хадамот аз соли 2001 8 қонун, 25 қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва 149 санади меъёрӣ дар соҳаи байторӣ қабул шудааст. Дар соли 2001 шумораи кормандони Хадамоти назорати давлатии байторӣ (ХНДБ) ҳамагӣ 7 нафарро ташкил медод ва маблағгузории дастгоҳи марказии ХНДБ ҳамагӣ 13 ҳазору 670 сомонӣ буд. Соли 2003 шумораи кормандон ба 24 нафар ва маблағгузории дастгоҳи марказӣ ба 170 ҳазор сомонӣ, соли 2010 шумораи кормандони ХНДБ ба 40 нафар ва маблағгузории дастгоҳи марказӣ ба 440 ҳазор сомонӣ расонида шуда, хадамот бо компютеру асбобҳои аксбардорӣ таъмин гардид, ки дар он саҳми ташкилоти байналмилалии кишоварзии СММ, СИДА, Иттиҳоди Комиссияи Аврупо ва Барномаи Хазинаи Оғохон калон аст. Тибқи талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Бюрои байналмилалии эпизоотикӣ (ББЭ) ва дигар созмонҳои умумиҷаҳонӣ, хадамот 149 меъёри танзимкунандаро таҳия ва барои истифода пешниҳоди мутахассисони соҳа намуд. Дар айни ҳол зиёда аз 80 номгӯйи воситаи компютерӣ ва принтери нусхабардор мавриди истифода қарор дорад. Дар сохтори ХНДБ 3 корхонаи вилоятӣ, 69 корхонаи шаҳрию ноҳиявӣ фаъолият намуда, зиёда аз 2 ҳазор мутахассис ифои вазифа менамоянд. Хадамот бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот бо ташкилоти байналмилалӣ ҳамкории зич дорад. Бо ин мақсад хадамот дар 5 соли охир зиёда аз 10 млн. 471 ҳазор доллари амрикоӣ сарф намудааст. Аз ҷумла дар бахши хусусии байтории ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағгузории Агентии рушди байналмилалии Шветсия (Sida) ба андозаи 3 млн. доллари амрикоӣ, доир ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди зукоми парранда аз ҳисоби маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ 3,5 млн. доллар ва барои мубориза бар зидди брутселлёз ба маблағи 1 млн. 505 ҳазор доллари амрикоӣ равона шудааст. Бояд тазаккур дод, ки тӯли солҳои охир бемориҳои гузарандаи ҳайвонот ба инсон (зооантропонозӣ), аз қабили сӯхтанӣ, брутселлёз, ҳорӣ назар ба солҳои 2000-2001 садҳо маротиба кам гардид. Агар дар соли 2000-2001 7447 сар ҳайвон мубталои бемории сӯхтанӣ шуда бошад, дар соли 2010-2011 ҳамагӣ 5-8 ҳодисаи ин беморӣ қайд шудааст. Тавассути фаъолияти кормандони хадамот бемории дигари зооантропонозӣ — брутселлёз дар байни ҳайвоноту одамон 7,7-8 баробар коҳиш ёфт. Хадамоти назорати давлатии байторӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ (Шӯрои Аврупо ва ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид) ваксинатсияи ҳатмии чорвои аҳолиро дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда ба роҳ монд ва бо ин мақсад аз ҷониби ташкилоти байналмилалӣ 3 млн. евро маблағгузорӣ шудааст. Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони клиникаҳои муҷаҳҳази байторӣ барои 167 нафар байтори хоҳишманд ба унвони раисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо мактуб ирсол карда шуд. Ҳамзамон бо кӯмак ва дастгирии Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФАО)-и СММ, Барномаи Хазинаи Оғохон, Каунтерпарт ва Агроаксияи Олмон ва ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байторони ҷумҳурӣ 115 адад клиника ва дорухонаи хусусии байторӣ ба истифода дода шудааст. Ҳамаи ин корҳо аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ борҳо мавриди санҷиш қарор гирифтанд, то ки Тоҷикистон ба узвияти Бюрои байналмилалии эпизоотикӣ қабул гардад. — Хоҳишмандам дар бораи таъсис ва фаъолияти ташкилоти байналмилалии эпизоотӣ (ББЭ) ва сохтори он маълумоти муфассалтареро барои хонандагон пешниҳод намоед. — Бояд арз кунам, ки ташкилоти мазкур соли 1924 таъсис ёфтааст, ва мақсади он пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои ҳайвонот барои сироят нашудани одамон аст. Маркази ташкилот дар шаҳри Парижи Фаронса қарор дошта, дар тобеияти худ 5 намояндагии минтақавӣ ва 6 намояндагии байниминтақавӣ дорад. Дар айни замон 178 давлати ҷаҳон аъзои ин ташкилоти бонуфузи ветеринариянд. Аз ҷумла, 52 давлати Африко, 30 давлати Амрико, 53 давлати Аврупо ва 20 давлати Осиё ба он шомиланд. — Ин ташкилот чӣ гуна маблағгузорӣ мегардад ва чӣ тавр идора мешавад? -Маблағгузории ташкилот аз ҳисоби пардохти ду навъи ҳаққи узвият: ҳаққи узвияти ҳатмӣ ва ҳаққи аузвияти ихтиёрӣ анҷом дода мешавад. Қисми ҳаққи узвияти ҳатмӣ барои пешбурди фаъолияти намояндагиҳои минтақавӣ равона мешавад. Ҳаққи ихтиёрӣ аз тарафи Фонди умумиҷаҳонии ветеринарӣ муайян мегардад. Ҳоло донорҳои асосии ин фонд Австралия, Канада, Иттиҳоди Аврупо, Фаронса, Италия, Ҷопон, Зеландияи Нав, Швейтсария, Шоҳигарии Британияи Кабир, ИМА ва Бонки ҷаҳонӣ мебошанд. Сохтори Бюрои байналмилалии эпизоотикиро директори кулл идора менамояд, ки аз тарафи Ассамблеяи умумиҷаҳонии намояндагон тибқи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад. Соли 2010 доктор Бернард Валла ба мӯҳлати 5 сол бори сеюм ба ин вазифа интихоб гардид. ББЭ дар тобеияти худ 225 озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои ҳайвонотро дорад, ки зиёда аз 111 бемориро назорат менамояд. Барои пешбурди фаъолияти самараноки хадамоти байторӣ ташкилоти мазкур дар 21 давлати ҷаҳон 40 маркази ҳамкориро таъсис додааст. Ташкилоти байналмилалии эпизоотикӣ ҳамчунин бо дигар ташкилоти умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ), «Кодекс Алиментариус», СҶТ, Конвенсияи байналмилалии ҳифзи растаниҳо, Бонки ҷаҳонӣ, Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тадқиқоти чорводорӣ ва зиёда аз 30 ташкилоти дигари бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. -Чунонки шуморо фаҳмидам, даъват ба ҷашни солонаи Шӯрои генералии ББЭ бароятон хотирмон ҳам буд. -Бале, бароям хеле ҳам хотирмон буд. Аввал ин ки моро ба ҷашни 80-умин солгарди Шӯрои генералии Ассамблеяи умумиҷаҳонии намояндагӣ ва ташкилоти байналмилалии тандурустии ҳайвонот (ТБТҲ) президенти он ҷаноби Карлос Корреа Мессути даъват намуд, дуввум он ки намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии (ФАО)-и СММ, Ташкилоти байналмилалии савдо (ВТО) ва худи директори кулли Бюрои байналмилалӣ доктор Бернард Валлат аз дастовардҳои Хадамоти назорати давлатии байтории ҶТ ва дастгириҳои президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар ин Ассамблея сухан гуфтанд ва бори аввал миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо медали хизмати шоиста дар соҳаи байтории дунё аз тарафи ББЭ қадрдонӣ шуданам солҳо аз лавҳи хотирам фаромӯш нахоҳад шуд. Ин қадрдонӣ маро ӯҳдадор менамояд, ки фаъолияти хадамотро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда, мутахассисони арзандаро ба камол расонам ва ҷавонони лаёқатмандро дар асоси шартномаи тарафайн бо Донишгоҳи кишоварзӣ ва дастгирии президенти ҶТ ба кор ҷалб намоям. Ҳама ин муваффақиятҳо эътирофи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар пешрафти соҳаи ветеринарии мамлакат дониста мешавад.-Ташаккур барои чунин як сӯҳбати пурмӯҳтаво.