Маркази иттилоотии тиббӣ кушода мешавад
Хоруғ, 22 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Раёсати тандурустии ВМКБ тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо Хадамоти тансиҳатии Бунёди Оғохон дар ояндаи наздик Маркази иттилоотиро таъсис дода ва ба ин васила барои ташкили тибби фосилавӣ замина гузорад. Коршиносони ҳар ду ҷониб дар шаҳри Хоруғ семинар – машварати дурӯза баргузор намуда, барои ҳар чи зудтар иҷро намудани ин барнома фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.Дар семинар қайд гардид, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ кору амалеро, хусусан дар соҳаи тиб, бидуни технологияи коммуникатсионӣ пурра анҷом додан имконнопазир аст. Директори сариҷроияи Хадамоти тансиҳатии Бунёди Оғохон дар Осиёи Марказӣ Фотимаи Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки чунин усули кор дар мамолики пешрафта солҳо боз вуҷуд дорад ва мехоҳем, ки донишу таҷрибаи андӯхтаамонро ба ҳамкасбонамон аз Бадахшони Тоҷикистон низ ёд диҳем.Баъди дар маркази вилоят ташкил ёфтани муассисаи зикршуда табибони Бадахшон барои ҳалли масъалаҳои зарурӣ метавонанд аз ҳамкасбони хориҷии худ дар зудтарин фурсат маслиҳат ва кӯмак гиранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






