Муҳокимаи ҳамкории Покистону Тоҷикистон
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва ҳайати Покистон бо сарварии раиси Иттифоқи тоҷирони Покистон Наим –ур — Раҳмон дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории тиҷоратӣ бо корхонаҳои Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре дар маркази матбуоти ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот аз самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон нақл карда, меҳмононро даъват намуд, ки дар намоишгоҳҳо ва ҷамъомадҳои аҳли тиҷорати Тоҷикистон, ки палата созмон медиҳад, фаъолонатар иштирок кунанд.Наим – ур – Раҳмон дар навбати худ зикр намуд, ки президентҳои ҳар ду кишвар ба рушди ҳамкорӣ таваҷҷӯҳи хоса медиҳанд. — Тоҷирони Покистон мехостанд, ки дар бахши тибб ва саноати сабук корхонаҳои хурд бунёд намуда, дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон корхонаи семент созанд, гуфт раиси Иттифоқи тоҷирони Покистон.Зимни мулоқот масъалаи истифодаи Тоҷикистон ба ҳайси транзити амволи Покистон ба кишварҳои ИДМ ва давлатҳои Аврупо низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






