Муҳокимаи ҳамкории Тоҷикистон бо ФАО
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 23 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо намояндаи минтақавии Созмони маводи ғизоӣ ва кишоварзии (ФАО) СММ дар Осиёи Марказӣ, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Мустафо Синасура баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот аз рӯи масъалаи роҳҳои рушду густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ФАО мубодилаи афкор баргузор шуд. Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон иштироки фаъолонаи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори конфронси минтақавии ФАО барои Аврупоро қайд намуда, Низомиддин Зоҳидовро бо баъзе қарорҳои конфронси зикршуда воқиф намуд.Низомиддин Зоҳидов дар навбати худ мақоми муҳими ФАО – ро дар амри иҷрои вазифаи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон, яъне ноил шудан ба амнияти озуқавории кишвар, қайд намуда, ба мусоҳиб итминон дод, ки Тоҷикистон омодаи рушду густариш бахшидани ҳамкорӣ бо ФАО мебошад. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин саҳми ФАО ба амалӣ гардидани ислоҳоти кишоварзӣ дар кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






