Муаррифии боз як нерӯгоҳ

Май 23, 2012 16:51

Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 «Дар бораи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Куриёи Ҷанубӣ (KOICA) бо ҷалби маблағҳои грантӣ, ки қарордод дар ин бора соли 2011 ба имзо расида буд, бо мақсади ба роҳ мондани рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои ба ҳам дӯст сохтмони НБО-и хурди маҷроӣ оғоз гардид. Хишти аввали сохтмони НБО-и мазкурро вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ гузошт. Таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи озмоишии НБО-и хурди маҷроии иншооти мазкур аз тарафи мутахассисони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкатҳои «Дохва Инжиниринг» ва «Экошин»и Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ амалӣ гардид. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи хурд 300 кВт-ро дар бар гирифта, ба истифода додани иншооти мазкур 309 адад хоҷагиҳои деҳаҳои Мотравн, Шовут, дашти Шовут ва Будун, инчунин ду мактаб, як беморхона ва як боғчаи бачагонаро бо нерӯи барқ таъмин менамояд. Иншооти мазкур, тибқи нақша то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар маросими оғози корҳои сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обӣ Сафири Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юон Ҷангу, Раиси ВМКБ Қодири Қосим ва директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Куриёи Ҷанубӣ (KOICA) Ли Киюнг Санг иштирок намуданд.

Май 23, 2012 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад