Мулоқот бо соҳибкорони инфиродии шаҳри Душанбе

Май 30, 2012 17:10

Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони соҳа ва доираи васеи соҳибкорони инфиродии шаҳри Душанбе доир ба баррасии масъалаҳои рӯзмарра машварат баргузор гардид. Машварат ба мавзӯи пешниҳоди электронӣ эъломияҳои андоз ва тартиби ба барномаи компютерӣ дохил намудани маълумот дар бораи мошинаҳои назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ бахшида шуда буд. Дар чорабинӣ зикр шуд, ки бо мақсади иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳои истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ» аз тарафи Кумитаи андоз барномаи махсуси компютерии системаи иттилоотии андоз «Бақайдгирӣ ва санҷиши мошинаҳои назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ» таҳия карда шуд, ки дар айни замон татбиқи амалии он ҷараён дорад. Дар марҳилаи аввали татбиқи барномаи мазкури компютерӣ зикршуда аз тарафи мақомоти ҳудудии андоз ширкатҳои хизматрасон доир ба таъмин ва таъмири мошинаҳои назоратю хазинавӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар айни ҳол ба махзани маълумоти Кумитаи андоз дохил кардани мошинаҳои назорати хазинавӣ оғоз гардидааст. Аз 5461 адад субъекти хоҷагидори шаҳри Душанбе, ки аз мошинаҳои назоратии хазинавӣ истифода мебаранд, 2327 адади он, яъне 42,6% ба махзани маълумоти Кумитаи андоз ворид шудаанд.Доир ба пешниҳоди электронии эъломияҳо таъкид шуд, ки афзалияти системаи мазкур дар он аст, ки андозсупоранда метавонад бо тартиби содда ва дар фурсати бисёр кам ва муносиб эъломияҳои худро пешниҳод намояд. Мақсад аз баргузории машварат баррасии масъалаҳои рӯзмарра, яъне ба низом даровардани тартиби фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, сабти номи комили соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд, мониторинги ҳолати иҷрои ӯҳдадориҳои андоз аз ҷониби онҳо ва умуман такмили механизми андозбандӣ арзёбӣ гардид. Соҳибкорон низ аз ташкили кори мақомоти андоз изҳори ризоят намуда, сатҳи хизматрасонии соҳаро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Май 30, 2012 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид