Мулоқоти дуҷониба дар Эрон

Май 31, 2012 16:51

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 26-29 майи соли равон мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар ҷараёни боздид бо вазири корҳои хориҷӣ – Алиакбар Солеҳӣ, вазири саноат, маъдан ва тиҷорат – Маҳдӣ Ғазанфарӣ , вазири нерӯ – Маҷиди Номҷӯ, муовини вазири нафт – Аҳмад Ҳомидӣ ва ректори Донишгоҳи саноати обу барқи Ҷумҳурии Исломии Эрон – доктор Афзалӣ масъалаҳои мавриди назари ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.Дар вохӯриҳо масъалаҳои пурра ва дар мӯҳлатҳои пешбинигардида ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда-2», ба анҷом расонидан ва пешниҳод намудани асосноккунии техникию иқтисодии ХИБ-и 500 кВ «Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон» аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, оғози корҳои сохтмонии НБО-и Айнӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ҷустуҷӯ, кашф, истихроҷ ва ташкили корхонаҳои коркарди нафти хом дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқию обӣ дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯи корҳои сохтмонии корхонаи муштараки семент (бо иқтидори 2 млн. тонна дар як сол), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди он қитъаи замин ҷудо шудааст, масъалаҳои вобаста ба истеҳсоли тракторҳои чорчарха ва коҳиши нархи аслии онҳо аз ҷониби ширкати «Тоҷирон», ташкили давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои об, барқ ва иншооти гидротехникӣ ва ғайра мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Ҷониби эронӣ фаъол намудани корҳоро дар самтҳои мазкур мувофиқи мақсад арзёбӣ намуда, барои пайгирии масъалаҳои вобаста ба ҷониби худ ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори омодагӣ намуд.

Май 31, 2012 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд