Мулоқоти Э.Раҳмон бо Филипп Л ВЭҒУ
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Л ВЭҒУ-ро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд. Филипп Л ВЭҒУ аз рафти Конфронси минтақавӣ доир ба муҳоҷират дар Душанбе, ки ҳадафи асосии сафараш ба Тоҷикистон мебошад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ омода аст дар беҳсозии идораи раванди муҳоҷират, аз ҷумла ташкили ҳунаромӯзии муҳоҷирони эҳтимолӣ, мусоидати худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ афзун намояд. Баррасии роҳҳои судбахши дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ таъкид намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






