Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Ашок Кумар Лаҳирӣ
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Ашок Кумар Лаҳириро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба барномаи таҳияшавандаи ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд барои солҳои 2012-2014 зоҳир карда шуд. Тавре зикр гардид, барномаи мазкур дар ҳаҷми 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд. Ин маблағҳо ба беҳсозии шабакаи роҳу нақлиёт, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавӣ равона мегарданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳамкории гузашта, ки дар натиҷаи он ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 855 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо шудааст, ба Бонки осиёии рушд арзи сипос намуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон як зумра лоиҳаҳои муҳим бо маблағгузории ин бонк татбиқ мегарданд, ки барои онҳо харҷи 530 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Таъкид гардид, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт бо назардошти имконоти пайвастани шабакаҳои дахлдори Тоҷикистон бо Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






