Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Дабири кулли СММ
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли СММ, Мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати мазкури Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои муосири олам баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо аз ҷараёни рушди мунтазами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Тавре Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, “Тоҷикистон пурра тарафдори муборизаи муштарак алайҳи таҳдиди қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилона буда, манфиатдори тақвияти минбаъдаи он аст”. “Дар ҷодаи расидан ба ин мақсадҳо, мо омодаем тамоми чораҳои заруриро андешем”, — афзуд ӯ. Президенти Тоҷикистон талошҳои пайвастаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткориро дар таҳкими иқтидори кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, дар мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир баланд арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки намунаи самаранокии чунин талошҳо фаъолияти муассири Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, амал мекунад. Дар ҷамъбасти мулоқот Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибрози умедворӣ намуд, ки Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ минбаъд низ ҷиҳати тавсеаи имконоти Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ҷаҳду талош хоҳад варзид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






