Мулоқоти Г. Шералӣ бо саҳҳомони «Сомон ойл»
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Нимаи дуюми рӯзи 7 май мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо муассисон ва саҳҳомони ширкати хориҷии «Сомон ойл» бо сардории ноиби президенти ширкати австралиягии «Santos» Мартин Имз баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ниёзмандӣ ва талаботи ҷумҳурӣ ба соҳаи нафту газ зикр гардида, зарурати ҳарчӣ зудтар ба роҳ мондани корҳо дар самти воридоти таҷҳизот ва оғоз кардани корҳои пармакунӣ дар майдонҳои ба ширкат вобастабуда таъкид гардид. Пас аз вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №138, аз 03.04.12 Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶМСП «Сомон ойл» ба имзо расид.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






