Мусоҳибаи Э.Раҳмон бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи The European Times
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи The European Times, мусоҳибаи хоса анҷом дод. Тавре иттилоъ дода шуд, ин маҷалла бо шумораи беш аз 410 ҳазор адад чоп шуда, асосан ба аъзои Парлумони Иттиҳоди Аврупо, парлумонҳои кишварҳои Аврупо, палатаҳои савдову саноат ва бузургтарин ширкатҳои ин қитъаи ҷаҳон ва муассисаҳои бонуфузи молиявӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва дигар доираҳои иқтисодию сармоягузорӣ дастрас карда мешавад. Маҷаллаи мазкур, ҳамчунин ба шакли электронӣ дар сомонаи www.european-times.com нашр мегардад. Ҳар шумораи он ба як кишвари алоҳида бахшида шуда, имконоти иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва дигар афзалиятҳои онро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имконоти фарохи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ва захираҳои фаровони табиию башарии кишварро ба онҳо бевосита муаррифӣ намуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт низ барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ «сиёсати дарҳои боз»-ро пеша кардааст. Хотиррасон бояд намуд, ки гурӯҳи эҷодии маҷаллаи The European Times тайи се моҳ бо сохторҳои гуногуни давлатию хусусӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, аз тамоми минтақаҳои кишвар барои як шумораи ин нашрия маводи зарурӣ гирдоварӣ менамояд. Дар ин шумора натанҳо имконоти иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, захираҳои фаровони табиӣ, балки зебоиҳои табиати биҳиштосо ва фарҳанги пурғановати Тоҷикистон инъикос хоҳад ёфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






