Набудани таваққуфгоҳҳо боиси нигаронист
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- «Зиёд шудани мошинҳои сабукрав дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ як далели беҳшавии сатҳи зиндагӣ, афзоиши даромади иқтисодии мардум ва сарфаи вақти шаҳрвандон аст»,- иброз дошт сардори бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Кӯлоб подполковники милитсия Саймӯъмин Ҳасанов дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар айни замон дар шаҳри Кӯлоб беш аз 5 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Дар ҷойҳои ҷамъшавии мошинҳо набудани таваққуфгоҳҳо нигаронии кормандони бозрасии давлатии автомобилиро ба вуҷуд овардааст.Ба гуфти С. Ҳасанов аз 1 ҳазору 800 қоидаваронкунии ҳаракати нақлиётие, ки дар давоми моҳҳои январ- апрели соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, беш аз 43 фоизи он аз набудани таваққуфгоҳҳо ва дар ҷойҳои манъшуда нигоҳ доштани мошинҳои сабукрав мебошад. Бо вуҷуди ин ҳамарӯза теъдоди мошинҳои сабукрав дар шаҳр рӯ ба афзоиш аст. Дар шаҳр ҳамагӣ 2-3 таваққуфгоҳи хурд мавҷуд аст, ки дар онҳо ҳамагӣ то 300 мошин ҷой мегирад. Аз ҳисоби қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракати нақлиётӣ 300 нафар ронанда дар давоми 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 58 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






