Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоб дар Душанбе
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Аз 24 то 26 — уми майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои собиқ Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ «Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе» барпо мегардад. Корҳои амалӣ доир ба тадорукот ва баргузории намоишгоҳро Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» ба ӯҳда дорад. Озмун бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи китоб дар байни аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи мазмуну мундариҷа, ороиш, тарроҳӣ ва чопи китоб дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Дар арафаи ифтитоҳи намоишгоҳ 5 озмун: барои беҳтарин китоби бадеӣ, барои беҳтарин ороиши китоб, барои беҳтарин китоби дарсӣ, барои беҳтарин китоби бачагона ва озмуни панҷум бо номи «Биё, китоб бихонем!» барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагоние, ки омӯзгорону шогирдони онҳо аз намоишгоҳ дидан кардаанд, эълон мешавад. Дар озмун танҳо ноширони ватанӣ иштирок карда метавонанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






