Насби технологияи муосир дар корхонаҳои ватанӣ
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои нави саноати хӯрокворӣ бо хатҳои технологии муосир бунёд мегарданд. Танҳо дар соли гузашта бо ҷалби сармояи дохилӣ дар ҷумҳурӣ 10 корхонаи коркарди гӯшту шир (Сехҳои истеҳсолии «Тешазод» ва «Азиза» дар Душанбе, «Додобоев», «Маҳмудов», «Усмонов», «Раҳмонов», «Азизӣ» ва «Саидов» дар вилояти Суғд, ҶММ «Салимхон» ва «Сафаров Холназар» дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон) бунёд гардида, истеҳсоли шарбати меваю сабзавот дар 29 корхонаи саноатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ истеҳсоли консерваҳои гӯштӣ, меваю сабзавот, шарбатҳо, қайлаи помидор, орд, макарон, нону маҳсулоти нонӣ, обҳои маъданӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, равғани растанӣ, намаки ошӣ ва дигар маводи озуқаворӣ дар корхонаҳои коркарди саноати хӯроквории ҷумҳурӣ вобаста ба талаботи бозор, мавҷудияти ашёи хом ва имкониятҳои молиявӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ бо намудҳои гуногуни маводи ғизоии саноатӣ корҳои муайян ба анҷом расонида мешавад. Дар тӯли 10 соли охир бозори дохилӣ бо обҳои маъданӣ, нӯшокиҳои ташнашикани ғайриспиртӣ, нӯшокиҳои спиртдор, спирти этилӣ, намаки ошию техникӣ, консерваҳои меваю сабзавот, шарбатҳо пурра таъмин гардида, қисми маҳсулоти истеҳсолгардида ба хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда шуд. Бояд қайд кард, ки дар ҳама корхонаҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ (гӯшту шир, меваю сабзавот, истеҳсоли равған, орд) иқтидорҳои истеҳсолӣ назар ба мавҷудияти ашёи хом 2-3 маротиба зиёд бунёд шуда, дар сурати таъмин шудани онҳо бо ашёи хом имконияти таъмини пурраи аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва афзун намудани содироти маҳсулоти ватанӣ пайдо мешавад.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






