Нигаронӣ аз ҳолати техникӣ

Май 7, 2012 09:23

Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ҳолати воқеии техникаи махсуси корхонаҳои коммуналӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ташвишовар аст.Ба иттилои манбаъ, аз 616 техникаи мавҷудаи корхонаҳои коммуналӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 187 адади онҳо корношоям ва таъмирталабанд. Дар айни замон 70 фоизи техникаи хизматрасон мӯҳлати дуюм ва сеюми истифодабариро иҷро мекунад, ки ин аз фарсудагии техника дарак медиҳад.Бино ба иттилои маркази матбуоти ин корхона, барои беҳдошти сифати хизматрасонии коммуналӣ ва қонеъ намудани талаботи истифодабарандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 79 техникаи партовкашонӣ, 67 техникаи нурикашонӣ ва 54 адад экскаватору булдозер лозим аст.Бояд ёдовар шуд, ки соли 2011 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба маблағи 869 ҳазор сомонӣ 19 адад техникаи махсуси коммуналӣ харидорӣ шуда, ба мувозинаи корхонаҳои коммуналии ин вилоятҳо гузаронида шудааст.

Май 7, 2012 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад