Оғози мусобиқаи футзали Осиё
Душанбе, 25 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз дар ду толори варзишии «Ал-Васл» ва «Ал-Шабоб»-и Амороти Мутаҳидаи Араб мусобиқаҳо бо ширкати дастаҳои АМА ва Туркманистон, Таиланд ва Қирғизистон аз гурӯҳи «А», Ҷопон ва Лубнон, Тайван ва Тоҷикистон дар гурӯҳи «В», Австралия ва Қатар, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ дар гурӯҳи «С», Ӯзбекистон ва Кувайт, Индонезия ва Чин аз гурӯҳи «D» оғоз мегарданд. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Дамир Камолиддинов дар нишасти матбуотӣ арз кард, ки «дастаи Тоҷикистон барои ба даври баъдӣ баромадан тамоми кӯшиши худро ба кор мебарад. Аз гурӯҳи мо муддаии мақоми аввал дастаи мунтахаби Ҷопон аст, дигар дастаҳо барои ба бозиҳои ¼ ниҳоӣ баромадан шонси баробар доранд»-афзуд ӯ.Сармураббии тими мунтахаби Ҷопон Мигел Хосе Родригои испанӣ аз нишондод дар чемпионати пешинаи Осиё ба хулоса омада гуфт: «Мо дигар дар гурӯҳ сеюм будан намехоҳем, новобаста ба он, ки дар гурӯҳи мо дастаҳои пурқувват ҳузур доранд».Дигар мураббиёни дастаҳо дар гурӯҳи «В» аз дастаҳои худ умед доранд, ки ба даври оянда роҳхат мегиранд. Дастаи мунтахаби кишварамон имрӯз соати 15:30 дақиқа ба вақти Душанбе дар баробари дастаи Тайван ба майдон меравад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






