Озодии баён дар кишвар дар кадом сатҳ аст?

Май 3, 2012 15:34

Душанбе, 3 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-3 май ҳамасола дар саросари ҷаҳон Рўзи байналмилалии озодии баён таҷлил мегардад. Вобаста ба ин сана 3 май дар Душанбе бо ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаи /ВАО/кишвар конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзўи « Озодии баён: воқеият ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинӣ бо иқдоми Шўрои ВАО-и Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистон ва дигар ниҳодҳои журналистии кишвар созмон дода шуд. Сароғоз ба маърази иштирокчиёни конфронс наворе пешниҳод гардид, ки он доир ба ҳаёти журналистони саршиноси қурбонгардида Ҷумъахон Ҳотамӣ, Виктор Никулин ва Мазҳабшо Муҳаббатшоев нақл мекард. Баъдан рўзноманигорони тоҷик ба хотири ҳамкасбони қурбоншудаи худ лаҳзае сукут намуданд. Мавриди зикр аст, ки танҳо дар солҳои нооромӣ дар кишвар ҳудуди 30 нафар рўзноманигор қурбон гардидааст. Дар конфронс Акбар Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон санаи 3 майро барои рўзноманигорони тоҷик рўзи андеша, таъмини озодии баён арзёбӣ карда гуфт, ки ҷасорат, касбият ва риояи одобу муоиширати рӯзноманигорӣ метавонад дар рушди журналистикаи тоҷик ва озодии сухан дар кишвар нақши созгор гузорад. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани ВАО-и мустақили Тоҷикистон бар он назар аст, ки соли равон нисбат ба соли 2010 дар Тоҷикистон аз лиҳози озодии баён бобарортар буд, зеро имсол танҳо ду қазия дар мавриди озодии сухан вуҷуд дорад. Хуршеди Атовулло, дабири кулли Медиа алянси Тоҷикистон ва сардабири нашрияи мустақили «Фараж» зимни гузориши худ дар мавзӯи «Озодии баён: воқеият ва таҳдидҳои нав» зикр намуд, ки дар бахши журналистикаи тоҷик новобаста ба баъзе мушкилот, хусусан қазияи судбозию баҳсҳои иддае аз нашрияҳои мустақил бо бархе вазорату идораҳои кишвар падидаи чашмрасе вуҷуд дорад. Хусусан таҷлили ҷашни 100-солагии таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» бо ҳузури Президенти мамлакат шаҳодати гуфтаҳост. Ҳамзамон Хуршеди Атовулло зикр намуд, ки набудани чопхонаи мустақил барои чопи нашрияҳои мустақил, маҳдуд намудани торнигоҳҳои интернетӣ, қабул нагардидани лоиҳаи Қонуни нав «Дар бораи матбуот ва ВАО» ва дигар масъалаҳо садди роҳи озодии сухан ва рушди журналистика дар кишвар гардидааст. Дар конфронс рӯзноманигорон дар чор бахш тақсим шуда, доир ба мавзӯъҳои декриминализатсияи таҳқиру тӯҳмат ва масоили вобаста ба қабули лоиҳаи нави қонун дар бораи ВАО, гузариш ба пахши рақамӣ ва тақдири созмонҳои ғайриҳукуматии электронӣ, одоб чун василаи масъулияти ВАО –и озод ва минтақавӣ, ТИК-асос барои рушди ВАО ва масоили танзими интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули назар карданд. Дар фарҷом аз сӯи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Медиа алянси Тоҷикистон ва нашрияҳои мустақили «Фараж» ва «Озодагон» ба як қатор нашрияҳои мустақил ва ВАО-и электронӣ мукофот супорида шуд.

Май 3, 2012 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад