Парлумон даҳ санади байналмилалиро матраҳ сохт

Май 8, 2012 13:36

Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон ҳудуди даҳ санади байналмилалиро баррасӣ намуд: Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти навбатдории нерўҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ доир ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймо, Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рущди Осиё доир ба лоиҳаи «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВт дар Нерўгоҳи барқии обии Норак». Муҳаммадато Султонов, сухангўи палатаи поёнии парлумони мамлакат иттилоъ дод, ки аъзои Шўро ҳамчунин Созишномаи нигаҳдории тахассуси корхонаҳо ва ташкилотҳоеро, ки дар истеҳсоли маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ дар чорчўбаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ иштирок менамоянд, Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва фаъолияти қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД, Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи коркард, истеҳсол, истифода, таъмир, навсозӣ, дароз намудани мўҳлати истифода ва нобудсозии маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ, Созишномаи принсипҳои умумии ташкили иттиҳодияҳои илмии истеҳсолии байнидавлатӣ дар СААД доир ба истеҳсоли маҳсулоти таъиноти ҳарбиро баррасӣ карданд. Инчунин дар ҷаласаи Шўро Созишнома дар бораи мақоми ташаккули қувваю воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД, Протоколи таъмини мувофиқатии техникӣ ва иттилоотии аслиҳа ва техникаи ҳарбии қувваҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД, Протоколи ворид намудани тағйирот ба Оинномаи СААД аз 7 октябри соли 2002, Протоколи сеюм доир ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи принсипҳои асосии ҳамкории ҳарбии техникии байни давлатҳои аъзои СААД аз 15 майи соли 1992, Протоколи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои СААД аз 6 октябри соли 2007 ва Протоколи ворид намудани тағйирот ба «Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд тазаккур дод, ки санадҳои мазкур дар тақвияти ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви созмонҳои мазкур ва дигар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ нақши муассир мебозанд.

Май 8, 2012 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад