Роҳхатҳои олимпии ҷадид барои Тоҷикистон
Душанбе, 11 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирўз Федератсияи байналмилалии дзю-до феҳристи барандагони роҳхати бозиҳои олимпиро ба нашр расонид. Дар феҳристи мазкур Расул Боқиев, дорандаи медали биринҷии бозиҳои олимпии Пекин-2008 ба таври мустақим ва Парвиз Собиров аз ҷониби Федератсияи дзю-дои Осиё ҳуқуқи ширкат дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012-ро пайдо намуданд.Парвиз ба хотири он, ки дар мусобиқаи ниҳоии тахассусӣ барандаи медали нуқра гардид, тавонист ҷойи Муҳаммад Абдураҳмоновро дар ин ҷода иваз намояд. Ў дар Бозиҳои олимпӣ дар вазни 91 кило ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Гузашта аз ин дар шаҳри Хелсинкии Финландия паҳлавонони Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев дар охирин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ доир ба гӯштии тарзи озод соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон шуданд. Ҳамин тариқ, шумораи барандагони роҳхати Бозиҳои олимпӣ аз кишварамон ба 12 нафар расид. Ба ғайр аз дзю-дочиён ва паҳлавонони тарзи озод бо Искандари Рустам, инчунин Дилшод Назаров дар намуди гурзпартоӣ, Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов дар риштаи таэквондо ВТФ, Ҷаҳон Курбонов, Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров дар намуди бокс кишвари азизамонро дар Бозиҳои олимпии Лондон- 2012 муаррифӣ мекунанд.








Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд






