Сӯҳбати А.Одинаев бо донишҷӯёни тоҷик дар Кемерово
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 28 май дар вилояти Кемеровои Русия мулоқоти кории роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев бо сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират Евгений Осипчук баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мусоҳибон аз фаъолияти хадамоташон якдигарро воқиф намуда, масъалаҳои муҳимтарини муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави вилояти Кемереворо мавриди муҳокима қарор дода, фаъолияти минбаъдаашонро баррасӣ намуданд. Асрор Одинаев дар Донишгоҳи давлатии кишоварзии Кемерово, ки дар он беш аз 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил менамоянд, бо донишҷӯён сӯҳбат карда, дар ҷараёни он аз самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, нақл намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






