Сӯиқасд ба ҷони Носир Тоҷихонов

Май 31, 2012 17:11

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар»).- Дар пойтахти Ҷумҳурии Доғистон- шаҳри Мағоҷқалъа ба ҷони муовини вазири варзиш ва сайёҳӣ Носир Тоҷихонов, ки ба кор равона буд, аз ҷониби гурўҳи номаълуми ҷинояткорон сўйиқасд карда шуд. Сўйиқасдчиён автомобили хизматии номбурдаро мавриди оташ қарор доданд, ки дар вақти ҳодиса Носир Тоҷихонов захми вазнин бардошта, ҳангоми интиқол додан ба беморхона дар роҳ ҳалок гардид. Ҷинояткорон пас аз анҷоми амали фоҷиабори худ аз ҷойи ҳодиса фирор карданд. Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Доғистон Носир Тоҷихонов аз варзишгарони номдор ва шахси барўманди Ҷумҳурии Доғистон ба шумор мерафт.Вобаста ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Май 31, 2012 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад