Ш. Зуҳуров: «Мо аз ПА умеди калон дорем»

Май 4, 2012 12:26

Душанбе, 4 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Мо умеди калон дорем, ки баргузории ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақа, хусусан аз байн бурдани баъзе монеаҳои сунъӣ дар робитаҳои фаромарзии кишварҳои ҳамҷавор, ки ба рушду пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири манфӣ расонидааст, нақши муассир мебозад». Матлаби мазкурро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо ҳайати намояндагони Парлумони Аврупо, ки таҳти роҳбарии Паоло Бартолотси /Италия/, раиси ҳайати Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Парлумони Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе қарор доранд, иброз дошт. Шукурҷон Зуҳуров ҳайати парлумони Аврупоро ба сарзамини Тоҷикистон шодбош гуфта, ба сатҳи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, хусусан ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Аврупо баҳои баланд дод. Мавсуф зикр намуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар роҳи тақвияти равандҳои демократия ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар қадамҳои муассир мегузорад ва аз кӯмаку дастгириҳои Иттиҳоди Аврупо бархурдор аст. Хусусан дар доираи лоиҳаҳо кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар роҳи демократикунонии ҳаёти ҷомеа, волоияти қонун, ислоҳоти низоми судӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими марз, рушди соҳаи энергетика, роҳ, ҳифзи муҳити зист ва соири бахшҳо назаррас аст.  Паоло Бартолотси, раиси ҳайати парлумони Аврупо дар навбати худ гуфт, ки ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, парлумони он ва соири ниҳодҳои байналмилалӣ аз иқдоми наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои нек ва ояндаи шукуфон шаҳодат медиҳад. Бартолотси афзуд, ки байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо муколамаи самарабахш ба роҳ монда шудааст ва Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро шарики боэътимод медонад. Баргузории ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар Душанбе саҳифаи наверо дар тавсеаи робитаҳои судманди иқтисодию тиҷоратӣ кушода, дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи минтақа мусоидат хоҳад намуд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифта, мусоҳибон масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва иқтисодиро матраҳ намуданд.

Май 4, 2012 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст