Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо мавзеъхои аз заминларза зарардида

Май 16, 2012 17:08

 

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи рӯзи 13-уми май зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар кард.Хотиррасон бояд намуд, ки дар натиҷаи боришоти пайиҳам ва заминларзаи шадид, ки субҳи рӯзи 13 май дар Тоҷикистон рух дод, даҳҳо манзили истиқоматӣ ва дигар биноҳо дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт пурра ва ё қисман хароб гардиданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Рашт ташриф оварда, аз хонаҳои истиқоматии осебдида дар деҳаи Лангараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх дидан кард ва бо мардуми зарардида аз наздик сӯҳбат намуд.Тавре ки иттилоъ дода шуд, дар ду деҳаи ноҳияи Рашт 8 хона пурра ва 16-тои дигар қисман хароб шудааст. Чанд хона, ки дар деҳаи Лангарак қарор доштанд, аз зарби теппаи дар натиҷаи боришоти зиёд ва заминларза фурӯомада хароб гаштаанд.Ба ҳамаи осебдидагон маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ ва ҳамчунин хаймаҳо дастрас карда шудаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дод, ки хонаҳои харобгаштаи ноҳияи Раштро то моҳи сентябри соли равон бо ашёи рӯзгорашон барқарор намоянд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки хонаҳои дар мавзеъҳои осебпазир қарордошта ба маҳалҳои бехавф кӯчонида шаванд.Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард.Зимни боздид аз мавзеъҳои аз заминларза осебдидаи ин ноҳия, аз ҷумла аён гардид, ки дар ин ҷо асосан хонаҳои деҳоти хурд-хурди кўҳистон, ки аз сангу лой бе истифода аз сементу дигар масолеҳи сохтмонии устуворкунанда ва бе назардошти қоидаҳои бехатарӣ сохта шудаанд, қисман ва ё пурра хароб гаштаанд.Ин деҳоти кӯҳистон, аз ҷумла Руботнол ва Ғарибон дур аз ободӣ қарор дошта, аксари хонаҳои онҳо дар роҳи селгузар ва ё мавзеъҳои фурӯд омадани ярчу тарма ҷойгир шуда, барои зист басо пурхатаранд. Аз ин хотир худи сокинони ин деҳот хоҳиш доранд, ки онҳо ба ҷойҳои бехавф, аз ҷумла ба ноҳияҳои вилояти Хатлон кӯчонида шаванд. Дар деҳаи Ғарибони ноҳияи Тавилдара ба истиқболи Сарвари давлат Эмомалӣ Рањмон дар баробари даҳҳо нафар сокинон модари куҳансол Сайрам Мирзоева баромад, ки ба синни мубораки 116 расидааст.Ин пири ботадбир ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дуою фотиҳаи нек дода, ба ў ва мардуми заҳматкаши Тоҷикистон комгорию бурдбориҳо таманно кард.Ба андешаи Сайрам Мирзоеваи 116-сола сирри асосии дарозумрии ӯ кору заҳмати фаъол дар миёни ҷамъият, нафърасонӣ ба мардум ва баҳрабардорӣ аз табиати биҳиштосои Тоҷикистони кӯҳистон аст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар муддати 5 рӯзи оянда ҳаҷми зарари расида ва шумораи оилаҳои бесарпаноҳмондаро дақиқ намуда, рӯйхати оилаҳои ба ноҳияи Қумсангир хоҳиши кӯчидан доштаро тартиб диҳанд.Таъкид гардид, ки ба ҳамаи оилаҳое, ки хонаҳояшон осеби ҷиддӣ дидаанд, барои сохтмони хонаҳои нав дар мавзеъҳои бехавфи зодгоҳашон ва ё дар ноҳияи Қумсангир замини наздиҳавлигӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо карда мешавад.Дастур дода шуд, ки маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои барқу об ва ғайра ба нақша гирифта шаванд.Тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар ҷойи мактаби харобгардидаи деҳаи Руботноли ноҳияи Тавилдара, ки ҳамчунин бе риояи қоидаҳои бехатарӣ бунёд ёфта будааст, як мактаби нави замонавӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва таҷҳизонида хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 
 
 
 
 

 

Май 16, 2012 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«Россотрудничество» ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Шаҳринав 300 номгӯй китоб тақдим намуд
Дастаи мунтахаби бадминтони Бадахшон соҳиби Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон шуд
Вазорати молияи Тоҷикистон бо шарикони рушд 18 созишнома ба имзо расонид
«ҶАВОНОН, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон вохӯриҳо доир шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон толори варзишӣ ифтитоҳ гардид
Дар Восеъ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 623 миллион сомонӣ расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Зеби дастархон» баргузор мегардад
РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба он дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар Ҳисор ҷаласаи ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният ва тартибот доир гардид