СММ: Сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон баланд мегардад
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Рӯзҳои наздиктарин Созмони байналмилалии меҳнат дар шаҳри Женева аз рӯи масъалаи шуғли ҷавонон ҷаласа доир менамояд.Дар охири соли 2011 сатҳи умумиҷаҳонии бекорӣ дар байни ҷавонон 12,6 фоизро ташкил дода, ҳоло баробари 40 фоиз мебошад. Мувофиқи хабари Маркази навигариҳои Созмони Милали Муттаҳид, соли 2012 сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон баробари 1,1 фоиз баланд мешавад. Дар бархе кишварҳои Аврупо, аз ҷумла дар давлатҳои Балтия, Юнон, Испаниё ва Португалия бекорӣ ба сатҳи баланди рекордӣ расидааст. Дар семоҳаи дуюми соли 2011 ҳиссаи бекорӣ байни ҷавонони ин кишварҳо баробари 45 фоиз буд.Соли гузашта дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон ба ҳисоби миёна 19,4 фоизро ташкил дод.Дар семоҳаи якуми соли равон теъдоди бекорони расман ба қайд гирифташудаи хадамоти шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва хифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 56 ҳазору 500 нафарро ташкил дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






