Таҳкими сатҳи касбияти муҳоҷирони меҳнатӣ

Май 18, 2012 11:41

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Масъалаи ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ тайи солҳои охир яке аз масъалаҳои мубрам арзёбӣ гардида, пайваста дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар мақомоти дахлдори давлатӣ қарор дорад.Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 омадааст, ки масъалаи рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ барои Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои муҳим ба ҳисоб меравад.Бинобар ин дар Паёми навбатӣ ба вазоратҳои маориф ва меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҷиҳати ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани то 100 ҳазор нафар шаҳрванди бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар тадбир андешанд. Дар ин раванд рӯзи 15 майи соли ҷорӣ байни ин ду вазорат қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расид.Ба манзури иҷрои супориши Сарвари давлат фарогирии комили муҳоҷирони меҳнатӣ бо таълими касбӣ 18 майи соли 2012 Созишнома миёни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.Созишномаи мазкур бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохилу хориҷи кишвар, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фаро гирифтани онҳо ба омӯзиши касб, фарҳанг, забону қонуномӯзӣ дар марказҳои таълимӣ равона мешавад.Бояд тазаккур дод, ки ин иқдом дар раванди танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ба таълими касбӣ фаро гирифтани онҳо заминаи хеле муассир буда, дар мутобиқсозии муҳоҷирони меҳнатӣ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Итминони комил аст, ки бо татбиқи ин Созишнома танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ сифатан беҳтар мегардад ва ба ин васила дар татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби ҳар ду мақомоти давлатӣ саҳми муносиб гузошта мешавад.Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими сатҳи касбияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари омӯзиши касб, инчунин дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои таълимии зиёда аз 28 касбу ихтисос таълими фанҳои «Асосҳои соҳибкорӣ», «Асосҳои ҳуқуқ», «Забони русӣ» ва инчунин мавзӯъҳо доир ба шиносоӣ бо қонунгузории давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гаштанд. Ҳамчунин бо мақсади ташкили омӯзиши забони олмонӣ дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) ва Донишкадаи Гёте синфхонаи омӯзишӣ дар 3 баст бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба ташкил карда шуд. Баъди ифтитоҳи расмӣ дар он се гурӯҳ бо теъдоди 30 нафар ба омӯзиши забони олмонӣ (пайваста ба ихтисоси таъмири автомобил) шурӯъ менамоянд.

Май 18, 2012 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст