Таъмини бонизоми бозори истеъмолӣ бо озуқаворӣ
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи якуми Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Шӯрои амнияти озуқавории назди ҳукумати ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2011 таъсис ёфта, мақсади асосии он ҳамоҳангсозии идора ва қабули қарорҳои муҳиму фаврӣ вобаста ба таъмини мӯътадил ва мунтазами кишвар бо озуқаворӣ мебошад. Тавре ки таъкид шуд, Тоҷикистон дорои шароити хуби иқлимӣ мебошад, вале таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти дохилии кишоварзӣ то ҳол ба сатҳи зарурӣ нарасида, дар ин самт имконияту захираҳои мавҷуда пурра истифода намешаванд. Барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат, пеш аз ҳама беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодаи тухмӣ ва нуриҳои хушсифат, тақвияти мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони хоҷагии қишлоқ, инчунин таъмини рушду танзими самарабахши бозори истеъмолии мамлакат зарур шуморида шуд.Дар ҷаласа нақшаи кории Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 тасдиқ гардида, вазифаҳои аъзои Шӯро, ки аз роҳбарони вазорату идораҳои бахши саноатию кишоварзии мамлакат иборатанд, муайяну мушаххас шуданд. Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро вазифадор намуд, ки барои амалӣ намудани нақшаи корӣ ва чорабиниҳои Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва таъмини бонизоми бозори истеъмолии мамлакат бо озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






