Тоҷикистон боз як Конвенсияи СММ-ро эътироф кард
Душанбе, 31 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ дар бораи эътироф кардан ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражи хориҷиро 31 майи соли равон вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ зимни ташреҳи масъалаи мазкур гуфт, ки Конвенсия 10 июни соли 1958 дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ба имзо расидааст. Ҳадаф аз ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санади мазкур беҳтар гардонидани фазои сармоягузории мамлакат тавассути таъмини кафолатҳои молу мулкӣ, таъмини ҳуқуқи кафолатҳои имтиёзҳои сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва ҷорӣ намудани механизми пешбурди сиёсати ягонаи сармоягузорӣ буда, эътирофи Конвенсияи мазкур аз ўҳдадориҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. «Яке аз омилҳои муҳим, ки Тоҷикистонро барои ҳамроҳ шудан ба ин Конвенсия водор менамояд, масъалаи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат /СҶТ / аст», афзуд роҳбари идораи сиёсати хориҷии кишвар. Мавсуф гуфт, ки дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СҶТ дар шароити феълии равобити байналмилалии иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Яке аз талаботи ин созмон қабули Конвенсияи СММ дар бораи арбитражи хориҷист. Таҳлили ҳаматарафаи Конвенсия ва таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, ки Конвенсияро эътироф кардаанд, нишон дод, ки Тоҷикистон метавонад бо тавзеҳот ва истисноҳо ин санадро эътироф намояд. Лоиҳаи қарор бо тавзеҳот ва таҳрир таҳия шудааст, таъкид кард Ҳ.Зарифӣ. Аз ҷумла Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро нисбат ба он баҳсҳо ва қарорҳои арбитражие, ки баъди ба қувваи комил даромадани ин Конвенсия нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меоянд ва дар қаламрави дигар кишварҳои аҳдкунанда бароварда мешаванд, қабул мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро нисбат ба баҳсҳое, ки ба моликияти ғайриманқул дахл доранд, қабул намекунанд. Тавзеҳоти мазкур эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражҳоеро, ки дар қаламрави давлатҳои ғайрииштирокчии Конвенсия қабул намудаанд, истисно менамоянд. Ҳамзамон тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъияти ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи ҳамчун моликият ба даст овардани биною хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳоеро, ки ба фонди манзилӣ дохил шудаанд, надоранд. Вазири корҳои хориҷии кишвар афзуд, ки Конвенсияи мазкурро 146 давлати ҷаҳон, аз ҷумла 11 кишвари собиқ Иттиҳоди Шўравӣ қабул намудаанд.