Толори нави гӯштӣ дар ВКД
Душанбе, 4 май (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи варзиш кўшиш бар он дорад, ки ҳайати шахсии ВКД-ро бо толору майдончаҳои варзишии замонавӣ таъмин намуда, ҷиҳати ба камол расонидани варзишгарони ҷавон дар байни кормандони мақомот ва умуман шаҳрвандони кишвар пайваста озмуну мусобиқаҳои сатҳи гуногунро ташкил намояд.Тавре ки сомонаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ mvd.tj хабар медиҳад, дирўз дар ВКД боз як толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Толор ба таври замонавӣ сохта шуда, варзишгарон бе мамониат метавонанд дар он тамоми имкониятҳоро барои сайқал додани маҳорати худ истифода баранд. Ба муносибати 20-умин солгарди имзои аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мусобиқаи калони варзишӣ дар намуди гӯштии самбо баргузор гардид, ки дар он 82 нафар варзишгар аз рӯи вазнҳои аз 52 то 100 кг аз ҷузъу томҳои вазорат қувваозмоӣ карданд.Дар мусобиқа 15 даста иштирок карда, ҷойи аввалро Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, ҷойи дуюмро Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва ҷойи сеюмро дастаи зудамали милитсияи ВКД ишғол намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибони озмун ифтихорномаву мукофотҳои хотиравии ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии кишвар супорида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






