Тракторҳои Беларус дар Тоҷикистон

Май 14, 2012 15:53

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Бо мақсади ташкили корхонаи ҷамъу васли тракторҳои МТЗ -и Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд корхонаҳо дар минтақаи ҷанубии кишвар пешниҳод гардида, дар натиҷа бо назардошти мавқеи ҷойгиршавӣ, мавҷудияти заминаи техникию кадрӣ, биноҳо ва иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби мутахассисони корхонаи МТЗ-и Ҷумҳурии Беларус ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сомон Кӯлоб таҷҳизот»-и шаҳри Кӯлоб бартарӣ дода шуд. Тарафҳо барои оғоз намудани ҷамъу васли тракторҳо то охири соли 2012 ба мувофиқа расиданд. Қайд кардан лозим аст, ки нақшаи тиҷоратии корхонаи сохташаванда аллакай аз ҷониби мутахассисон таҳия ва пешниҳод шудааст. Тибқи лоиҳа дар марҳилаи аввал барои таъмир ва омодасозии коргоҳҳои корхонаи ҷамъу васли тракторҳо 415 ҳазор доллари ИМА ва марҳилаи дуввум бо назардошти харидории хатти технологӣ, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва васлу насби онҳо, омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ 470 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ гардидааст. Дар асоси нақшаи тиҷоратии таҳиягардида корҳои сохтмонӣ, омодасозии майдонҳои зарурӣ барои насби дастгоҳу таҷҳизот ва бакорандозӣ, яъне оғози ҷамъу васли тракторҳои тамғаи «Беларус-82.1» бояд то охири семоҳаи сеюм амалӣ шавад. Роҳандозии ҷамъу васли аввалини тракторҳо то охири соли ҷорӣ дар назар дошта шуда, шумораи тракторҳо то соли 2015 ба 1000 адад дар як сол мерасад.Тибқи ҳисоби пешакӣ нархи як адад трактори тамғаи «Беларус -82.1» ба 21500 доллари ИМА мерасад, ки аз ин 16160 доллари онро арзиши қисмҳои ҷамъуваслшаванда ташкил медиҳад.Мавриди зикр аст, ки баъди оғоз намудани корхонаи ҷамъу васли тракторҳо дар марҳилаи аввал 30 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон то 80 нафар меафзояд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 14, 2012 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст