Вазири корҳои дохилӣ Р. Раҳимов бо донишҷӯён вохӯрд
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо устодону донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва муовини раиси Кумитаи занон ва кор бо оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Марҳабо Ҳалимова ширкат варзиданд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов оид ба ҷинояткории ҷавонону ноболиғон дар ҷумҳурӣ, сабаб ва омилҳои даст задан ба ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгириву бартараф намудани онҳо муфассал баромад карда, ҳозиринро ба ҳамкорӣ ва мубориза дастаҷамъӣ бо ин амалҳои номатлуб даъват намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Неъматов ва муовини раиси Кумитаи занон ва кор бо оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ М.Ҳалимова сухан ронда, пешниҳоду даъвати Вазири корҳои дохилиро тақвият доданд. Донишҷӯён сараввал Вазири корҳои дохилиро ба муносибати ба унвони узви вобастаи Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ сарфароз гардиданаш табрику муборакбод намуда, сипас саволу ҷавоб доир карданд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дода, ба сардорони раёсатҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод. Мавриди зикр аст, ки донишҷӯён оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби Вазир бо хушнудӣ пазируфта шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






