Як миллион сайёҳ ба Тоҷикистон меояд

Май 11, 2012 09:36

Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Барнома ва Консепсияи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон қарор аст, ки то соли 2020 шумораи сайёҳон давра ба давра зиёд шуда, ба 1 млн. нафар расад.Танҳо дар соли 2008 беш аз 500 ҳазор нафар сайёҳ аз Тоҷикистон дидан карданд. Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ солҳои 2009 -2010 ба раванди туризм дар кишвар монеъ гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2010 беш аз 220 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ вориди Тоҷикистон гардидааст, ки 100 ҳазор нафари онҳоро сайёҳону ҷаҳонгардон ташкил додаанд.Вазъи мӯътадили сиёсии кишвар имкон медиҳад, ки шумораи сайёҳон сол то сол зиёд гардад. Дар назар аст, ки соли ҷорӣ беш аз 200 ҳазор нафар сайёҳ вориди Тоҷикистон гардад.

Май 11, 2012 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад