Ёде аз думбрадасти моҳири тоҷик
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим). — Ба ифтихори таҷлили 74-умин солгарди Лауреати фестивали умуиттифоқии эҷодиёти халқ Рустами Абдураҳим имрӯз дар толори бузурги Консерваторияи миллии Тоҷикистон ёдбуди устод баргузор гардид.Дар ин консерт ҳунармандону донишҷӯён, аҳли адабу шогирдони марҳум Рустами Абдураҳим иштирок намуданд. Аз ҷониби ҳунармандон ва донишҷӯён аз эҷодиёти Рустами Абдураҳим оҳангҳои марғубу ҷаззоб пешкаши аҳли толор гардонида шуд.Қобили зикр аст, Рустами Абдураҳим борҳо ба хориҷи кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петебург, Алма-Ато, кишварҳои Афғонистон, Муғулистон, Олмон сафар карда, мусиқии сунатии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.Қасри маданияти шаҳри Кўлоб, ки он ҷо солҳои охири ҳаёти устод сипарӣ гардидааст, бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба номи ӯ номгузорӣ шуда, лавҳаи ёдгорӣ ва нимпайкарааш дар он ҷо гузошта шудааст.Аз ӯ то ба имрўз фарзандон, шогирдон, мухлисон ва билохира оҳангҳои нотакрор ва дутораш боқӣ мондааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






