Заминаи мутобиқсозии раванди таълими касбӣ ба талаботи бозори меҳнат

Май 15, 2012 17:16

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Тавре ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 бармеояд, масъалаи рушди касбии захираҳои меҳнатӣ барои Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои муҳим ба ҳисоб меравад.Дар ҳамин замина тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ низ дар афзоиши сатҳи шуғлнокии аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим арзёбӣ мешавад.Аз ин хотир дар Паёми навбатӣ ба вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҷиҳати ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани 100 ҳазор нафар шаҳрванди бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар чораҳо амалӣ шаванд.Дар иртибот ба иҷрои супориши Ҷаноби Олӣ аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин супориш ба тасвиб расид.Созишнома ҳама паҳлӯҳои ҳамкориро дар самти ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таълими касбии системаи ҳар ду вазорат дар бар мегирад ва имконият фароҳам меорад, ки теъдод ва сифати таълими касбии захираҳои меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ таъмин карда шавад.Бояд тазаккур дод, ки ин нахустин иқдом байни вазоратҳо дар раванди ба таълими касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ буда, заминаи муассир дар мутобиқсозии раванди таълими касбӣ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.

Май 15, 2012 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст