Ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Беларус
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вохӯрии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири фавқулодда ва мухтори Чумҳурии Беларус дар Тоҷикистон хонум Олга Гаврук дирӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯён ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Ректори Донишгоҳи аграрӣ Изатулло Сатторӣ доир ба таҳсили донишҷӯён, рафти дарсомӯзӣ, таҷриба ва пешравиҳои донишгоҳ ибрози андеша карда гуфт, ки дар айни замон Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо 64 мактаби олии мамлакатҳои хориҷӣ ва 16 ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ доир ба тайёр намудани мутахассисон, олимони ҷавон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси онҳо ҳамкорӣ дорад.Дар навбати худ сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон хонум О. Гаврук доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ , сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин доир ба соҳаи маорифу муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот дод. О. Гаврук иброз дошт, ки дар моҳи октябри соли 2011 Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатии муваққатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва шаҳрвандони Чумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон ба имзо расид. Муовини аввали роҳбари Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ А. Бобоев ёдовар шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, одобу русум ва фарҳанги кишвари мизбон барои муҳоҷири меҳнатии мо зарур аст. Моро лозим аст, ки баҳри пешрафти кишвар ва ба натиҷаҳои хубу назаррас ноил гардидан дар донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои касбии кишвар кадрҳои баландихтисосро омода намоем.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






