Ҳавои сарди русӣ борони пуршиддат овард
Душанбе, 5 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Тўли шабонарўзи гузашта мизони баланди боридани боронҳои пуршиддат дар шарқи Тоҷикистон-ноҳияи Файзобод ба қайд гирифта шуда, дар ин ноҳия мизони боридани борон дар 6 соат 28 милиметрро ташкил додаст»,- гуфт дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Парвина Саидҷамолова, мудири шўъбаи пешгўии обу ҳавои Муассисаи давлатии ҳавошиносии кишвар. Назар ба иттилои мутахассиси бахши ҳавошиносӣ, омили асосии дар нимаи аввали фасли тобистон боридани боронҳои пуршиддат дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон ворид шудани мавҷи ҳавои сард аз минтақаи ҷанубу шарқи аврупоии Русия будааст. «Барои иқлими Тоҷикистон, ки кишвари гарму офтобист, дар фасли тобистон боридани боронҳои пуршиддат ғайримуқаррарист, вале дар баъзе солҳо он мушоҳида мегардад», афзуд Парвина Саидҷамолова. Мизони боронҳои пуршиддат ҳамзамон дар Душанбе дар се соат 10 милиметр, дар мавзеи Ҳушёрӣ дар 9 соат 18 милиметр ва дар Бўстонобод дар се соат 12 милиметрро ташкил додааст. Боридани боронҳои пуршиддат то шоми имрўз дар аксар навоҳии кишвар идома ёфта, ҳаво рўзона дар вилояти Суғд 25-30, дар Хатлон 29-34, дар ноҳияҳои тобеи марказ 21-26, дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 20- 25, дар шарқи вилоят 9-14 ва дар пойтахти ҷумҳурӣ 24 -26 дараҷа гарм мешавад. Корманди масъули Маркази ҳавошиносӣ гуфт, ки аз 8 то 13 июн ҳарорати ҳаво баланд гардида, аз 2 то 7 дараҷа меафзояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






