Ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ
Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). Бо мақсади тарғиби гӯштини миллӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ доир гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Маликшо Неъматов суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ва созандаву бунёдкорӣ дар давоми 20 соли истиқлолият ёдовар шуд ва бори дигар дар ниҳоди мухлисони ин навъи варзиш ва варзишгарони тоҷикистонӣ ҳуввияти миллӣ, якдигарфаҳмиро тақвият бахшида, таҷлили ин чорабиниро махсусан аз таваҷҷӯҳи Президенти мамлакат, ба хотири солимиву якдигарфаҳми насли даврони истиқлол арзёбӣ намуд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз тамоми манотиқи кишвар дар 9 вазн қувваозмоӣ намуданд.Дар вазни 55 кг, ғолибият насиби Каримов Акмалиддин аз шаҳри Душанбе, дар вазни 60 кг, Хусравов Миралӣ дар вазни 70 кг, Ҳасанов Мустафо аз шаҳри Душанбе, дар вазни 75 кг, Ҳотамшо Абдуғанӣ аз дастаи Хатлон 1, дар вазни 80 кг, Ҷамшеди Иззатулло аз шаҳри Душанбе, дар вазни 86 кг, Саидов Саидҷалол аз шаҳри Душанбе, дар вазни 95 кг, Абдулоев Раҳматулло аз шаҳри Душанбе, дар вазни 95 кг Абдураҳмонов Муҳаммадмурод гардид. Ҳамзамон барномаи консерти санъаткорони тоҷик ба мусобиҳусни дигар зам намуд.Дар анҷоми мусобиқа ба 9 нафар гирандагони ҷойи аввал дар 9 вазн, ки дар боло номашон зикр гардид тӯҳфаҳли таъсиснамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадом ба маблағи 5000 сомонӣ ва дипломи дараҷаи якумқадрдонӣ гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






