Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба солгарди 15-уми Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон

Июнь 26, 2012 09:56

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар маҷмааи давлатии Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 15-уми Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои пурдаҳшати солҳои муноқишоти мусаллаҳона ва тавассути музокироти зиёди мураккаби тарафҳои муқобил ва ҷаҳду талошҳои тамоми нерӯҳои солими ҷомеа ба сулҳу салоҳи ҳамагонӣ расидан ёдовар шуда, мардуми Тоҷикистонро бо ин иди фархунда табрику таҳният гуфт. Ба ҳамаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии кафили сулҳ ва ҳамчунин ҳар як нафаре, ки дар барқарорсозии сулҳу осоиш дар Тоҷикистон як зарра ҳам саҳм гузоштааст, арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас ва ҳамвазни истиқлолияти давлатии Ватани азизи мо номида, аҳли толор ва кулли мардумро ба қадрдонию арҷгузорӣ ба ин санаи таърихӣ ва иди пурифтихори ҳамагонӣ даъват намуд. Таъкид гардид, ки «Мо соҳибдавлату соҳибватан будани худро бо кору амали созандаю ваҳдатофариамон бояд собит намоем». Дар фарҷоми суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки яке аз хиёбонҳо ва ё майдонҳои пойтахт Ваҳдати миллии Тоҷикистон номида шуда, дар он рамзи Ваҳдати ҷовидонаи мардуми кишвар гузошта шавад
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 26, 2012 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!