Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вазорат
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — «Ваҳдат –ҳастии миллат аст» — таҳти чунин унвон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат ва кормандони дастгоҳи марказӣ, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид. Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, аҳамияти Ваҳдати миллиро дар рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоди миллӣ самараи нек арзёбӣ намуд. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қурбон Восиев имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар таърихи навини тоҷикон рӯйдоди муҳиму фараҳбахш номида, пешниҳодоти созмонҳои байналмилалиро ҷиҳати истифода бурдан аз таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон таъкид намуд. Дар интиҳои чорабинӣ миёни аҳли нишаст роҷеъ ба нақши Ваҳдати миллӣ дар дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






