20 нафар директори мактабҳои пойтахт аз мансаб сабукдӯш шуданд
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Тибқи натиҷаҳои санҷиши сатҳи тахассуси роҳбарони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе 20 нафар директори мактабҳои пойтахт аз мансаб сабукдӯш гардиданд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева хабар дод, ҳангоми таъини директорони нави мактабҳо назару андешаи коллективҳои омӯзгорӣ, кумитаҳои падарону модарон ва шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ӯ, то баргузории санҷиши мазкур аз оғози сол барои додани номаҳои камол (аттестат)-и қалбакӣ, дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои худ, қонуншиканиҳо аз ҷониби толибилмони муассисаи таълимӣ ва мӯҳлати дар сари мансаби директори мактаб будани як шахс, дар маҷмӯъ 38 нафар роҳбари муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт аз вазифа барканор шуданд.Ёдовар мешавем, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе 140 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






