28 нафар муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумҳурӣ хориҷ шуданд

Июнь 1, 2012 12:02

Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз 10-ум то 28-уми майи соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ бо мақсади ошкорсозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилкунандагони он, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пурзӯр намудани назорат нисбат ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти махсуси мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо унвони шартии «Нелегал-2012» гузаронида шуд. Зимни гузаронидани амалиёти муштарак 297 корхонаву муассиса ва маркази савдову нуқтаи хизматрасонӣ санҷида шуд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳолатҳои зиёди қонуншикании шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави мамлакати мо ба тиҷорату соҳибкорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, ошкор карда шуд. Аз ҷумла, дар ин самт метавон аз фаъолияти натиҷабахши кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ёдовар шуд, ки онҳо қонуншиканиҳои шаҳрвандони хориҷиро ошкор карда, онҳоро ҷаримабандӣ кардаанд. Бештари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул будаанд.Танҳо дар ҳудуди бозори «КОРВОН» 53 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои надоштани ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият ба Ситоди амалиёт оварда шуда, нисбат ба 5 нафари онҳо мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода ва аз онҳо ба фоидаи давлат ба маблағи 4400 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.Умуман, аз оғози амалиёт нисбат ба 87 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои риоя накардани қоидаи будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода ва аз онҳо ба маблағи 63 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. 28 нафари онҳо барои дағалона вайрон кардани қоидаи будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори суд аз қаламрави ҷумҳурӣ ронда шуданд.Ёдовар мешавем, ки аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД 16264 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз 110 кишвар, ки дар ҷумҳурии мо ба таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, ба қайд гирифта шуда, таҳти назорати қатъӣ қарор гирифтаанд.

Июнь 1, 2012 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад